Номнома

Амир

мардона

МАЪНӢ

Амир - (арабӣ). امیر шоҳ, ҳоким

Амир (арабӣ) امير 1. шоҳ; соҳибихтиёр, фармонраво, ҳукмраво, ҳоким; касе, ки фармонраво бар қавме бошад; подшоҳ; фармондеҳ; султон, халифа; мир ҳам мегӯянд.

Чунин, ки гашт ба ишқи ту Авҳадӣ машҳур,
Аҷаб мадор, ки бар ошиқон амир шавад.
(Авҳадӣ)


2. дараҷаи поинтар аз подшоҳ.

Ҷони эзадпарастро ба замир 
Нагзарад ёди подшоҳу амир.
(Авҳадӣ)


3. фармондеҳи сипоҳ, сипаҳсолор;

Умматеро як набӣ бас, миллатеро як китоб,
Оламеро як малак бас, лашкареро як амир.
(Амир Муиззӣ)


4. унвони ифтихории шоирон чун Амир Муиззӣ, Амир Ху срави Деҳлавӣ ва ғ.

Калидвожаҳо

Маънои номи Амир Amir