Номнома

Фарзин

мардона

МАЪНӢ

Фарзин - (форсӣ). فرزین меҳрварз; сазовор; огоҳ

Фарзин فرزين 1.меҳрварз;
2.сазовор;
3.огоҳ;

4.яке аз муҳраҳои шатранҷ; яке аз донаҳои шатранҷ, ки дар бозии шатранҷ бо номи вазир машҳур аст; ба арабӣ фарзон мегӯянд ва ҷамъи он фарозин аст.

В-аз он пас бибастанд бар шоҳ роҳ,
Руху аспу фарзину пилу сипоҳ.
(Абулқосим Фирдавсӣ)


5.вазир ҳам мегӯянд;

Баски шаҳ рух намояд аз чапу рост,
Гар чу фарзин нишаста пеши шаҳед.
(Камоли Хуҷандӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Фарзин Farzin