Фазл
мардонаМАЪНӢ
Фазл (арабӣ) فضل 1.бартарӣ, афзалият;
Қозиёнанд андар ин айём,
Ҳама кофирмиҷозу ришватхор,
Илми эшон ба зинати ҷубба,
Фазли эшон ба бастани дастор.
(Хусрави Деҳлавӣ)
2.дониш, илм, маърифат; маърифат, ҳикмат; маърифат, дониш; дониш, фарҳанг; маърифат, ҳикмат, камол.
Фалак ба мардуми нодон ниҳад зимоми мурод,
Ту аҳли фазлию дониш, ҳамин гуноҳат бас!
(Ҳофиз)
3.некӣ, лутфу марҳамат; неккирдорӣ; бахшиш; эҳсон; некӯӣ; бахшиш кардан; лутфу марҳамат; оғоз ба эҳсон бе он ки онро сабабе бошад.
Гуноҳи мо агар аз ҳад бурун аст,
Ҳазорон бор з-он фазлат фузун аст.
(Ҷомӣ)
4.афзунӣ, зиёдат; камол; афзун гардидан;
5.ғалаба кардан бар касе ба фазилат.

Калидвожаҳо
Маънои номи Фазл Fazl