Номнома

Таблиғ барои идомаи фаъолияти сомона кӯмак мекунад

Маҳрам

занона

МАЪНӢ

Маҳрам (арабӣ) محرم 1.хеши наздике, ки бо вай никоҳ ҷоиз шумурда намешавад, ҳамчун хоҳарзода, додарзода, яке аз наздикон, хешу ақрабо; аз аъзои наздики хонавода, касе, ки издивоҷ бо ӯ ҳаром бошад.

Барафшон даст бар номусу он гоҳ,
Миёни маҳраму бегона мерав.
(Хоқонии Шарвонӣ)


2.зан, завҷа;

Маҳрами худро ба номаҳрам намудан хуб нест,
Духтари разро ба ҳар маҳрам намудан хуб нест.
(Саид Ашраф)


3.хешованд, хеш, ошно;

Дил анҷумани маҳраму бегона набошад,
Ҷуз ҳайрати идрок дар ин хона набошад.
(Бедил)


4.дӯсти наздики самимӣ, мӯнис, ҳамдам; ҳамроз; дамсоз; аниси ғамҳо.

Киро дар шаҳр баргӯям ғами дил,
Ки омад дар ду олам маҳрами дил?
(Анварӣ)


5.наздик, самимӣ;

6.То баста шуд ба гулшани васлиту роҳи мо,
Маҳрам нашуд ба базми нигоҳат нигоҳи мо.
(Махфӣ)


7.роздор; ягона;

Дӯст маҳрам бувад ба розу ниёз,
Пеши маҳрам бараҳна бояд роз.
(Саноии Ғазнавӣ)


8.худӣ, худамонӣ.

Калидвожаҳо

Маънои номи Махрам Makhram Mahram