Қаландар
мардона
✓
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.
МАЪНӢ
Қаландар قلندر 1. дар асл каландар буд (ба кофи арабӣ, ба маънии кундаи нотарошида, ки дар паси дар андозанд, то зуд кушода нагардад; пас тағйири аслина ба сабаби ихтилофи арабу аҷам қаландар (ба қоф) шуда; баъзе муарраб гуфтаанд, аввал саҳеҳ аст; ва дар «ҷавоҳир-ул-ҳуруф» навишта, ки дар асл ғаландар (ба ғайни муъҷама) буд;
2. дарвеши оворагард, марди муҷарради аз дунё дасткашида; дарвеши беқайд дар пӯшок ва хӯрок ва тооту ибодот; шахси муҷаррад ва беқайд; қаландарон тоифае аз сӯфиён буданд, ки мӯйи сари хешро метарошиданд.
Эй писар, мазҳаби қаландар гир,
Ки дар ӯ дину куфр яксон аст.
(Анварӣ)
Ҳазор нуктаи бориктар зи мӯ ин ҷост,
На ҳар ки сар битарошад, қаландарӣ донад.
(Ҳофиз)

Калидвожаҳо
Маънои номи Каландар Kalandar Qalandar