Номнома

Сулаймон

мардона

МАЪНӢ

Сулаймон - (арабӣ). سلیمان сулҳхоҳ, эмин; номи пайғамбар

Сулаймон (арабӣ) سليمان Сулаймон (а) писари Довуд (а) подшоҳи муқтадири Банӣ Исроил буд, ки рутбаи паёмбарӣ дошт. Худованд бодро мусаххари ӯ карда буд ва ӯ забони ҳайвонотро медонист. Ӯ сарвати бекарон дошт. Сулаймон (а), ангуштарине дошт, ки исми аъзам бар он нақш баста буд ва ба воситаи он одамию парӣ, ваҳшу тайр фармонбари вай буданд.

Агар ба мор расам, санги мағзпардозам,
В-агар ба мӯр расам, хотами Сулаймонам.
(Соиби Табрезӣ)


Агарчанде Сулаймонӣ, ба хоки даҳр яксонӣ,
Ва ё Ҷамшеду Хоқонӣ, ба хоки даҳр яксонӣ.
(Ҷунунӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Сулаймон Sulaymon