Номнома

Зоҳид

мардона

МАЪНӢ

Зоҳид - (арабӣ). زاھد порсо, парҳезкор

Зоҳид (арабӣ) ‫زاھد‬ касе, ки хоҳони дунё нест; гӯшанишин, парҳезкор, порсо, он ки тарки дунё кардааст; диндор; покдоман, дарвеш, марди Худо, гӯшагир, покрав, покбоз; диндор; он, ки рағбат ва хоҳиши дунё надорад ва аз молу ҷоҳ ва номус тааллуқ нагирад; он, ки чизеро тарк кунад ва аз он ароз намояд, он ки дунёро барои охират тарк гӯяд; обид; дар истилоҳи соликон зоҳид онро гӯянд, ки доим мутаваҷҷеҳи охират бошад ва аз роҳату лаззати дунё эҳтироз кунад ва хуру хоб бар худ ҳаром гардонад магар ба зарурат ва доим дилнарму чашмтар бошад, як соат аз вирду ибодат холӣ набошад; худотарс, муртоз.

Зоҳид, ки дирам гирифту динор,
Зоҳидтар аз ӯ касе ба даст ор!
(Саъдии Шерозӣ)


Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.
(Ҳофиз)

Калидвожаҳо

Маънои номи Зохид Zokhid Zohid