Номнома

Ҷалол

мардона

МАЪНӢ

Ҷалол - (арабӣ). جلال бузургворӣ, иззат, ҷоҳу ҷалол, мартаба

Ҷалол (арабӣ) جلال 1.бузургӣ, азамат, шукӯҳ; бузургворӣ; иззат; ҷоҳ; сарафрозӣ, қудрат, шавкат; калонӣ, рутба, мартаба.

Аз он ҷоҳу ҷалол Одам аҷаб монд,
Ба унвони тааҷҷуб зери лаб монд.
(Ҷомӣ)


Хуш медиҳад нишони ҷалолу ҷамоли ёр,
Хуш мекунад ҳикояти иззу виқори дӯст.
(Ҳофиз)


2.пуриқтидор, қавӣ, зӯр; қувват, қудрат; нигаред ба Абдулҷалол.

Фурӯ шӯяд зи дил меҳри ҷамолат,
Кунад дасти ҷамолат поймолат.
(Ҷомӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Чалол Chalol Jalol