Номнома

Ҷамол

мардона

МАЪНӢ

Ҷамол - (арабӣ). جمال хушрӯӣ, зебоӣ, ҳусн, хубии сурат ва сират

Ҷамол (арабӣ) جمال 1. хушрӯӣ, зебоӣ, ҳусн; зебо будан, некӯсурат ва сират будан, хушсуратӣ; ҳусни сурат, хубӣ, хушгилӣ; хуб шудан ва хубии сурат ва сират; хубсурат ва нексират гардидан; некӯӣ; авранг;

Ҷамолу хулқи латифаш ба сурати Азрост,
Бар он ҷамол надонам касе, ки Вомиқ нест.
(Сӯзании Самарқандӣ)


Ошиқон ҳарчанд муштоқи ҷамоли дилбаранд,
Дилбарон дар ошиқӣ аз ошиқон ошиқтаранд.
(Ҳилолӣ)


2.рӯй, чеҳра; дидор;

Аз ӯ хоҳӣ ҷамоли дӯст дидан,
В-аз ӯ хоҳӣ ба мақсудат расидан.
(Абдурраҳмони Ҷомӣ)


3.нигаред ба Абдулҷамол.

Калидвожаҳо

Маънои номи Чамол Chamol Jamol