Номнома

Ҷамшед

мардона

МАЪНӢ

Ҷамшед - (форсӣ). جمشید равшан, дурахшон, номи шоҳ

Ҷамшед جمشيد 1. дурахшон ва рӯшан;

2. номи писари Таҳмурас ва севумин подшоҳи пешдодӣ дар «Шоҳнома»; Ҷамшед подшоҳи Эрон; писари Таҳмурас, чаҳорумин подшоҳи пешдодӣ, бино бар достони «Шоҳнома» ҳафтсад сол салтанат кард ва ҷашни бостонии Наврӯзро бунёд ниҳод ва русуму оинҳое барқарор сохт, ӯро Ҷам ва Ҷамосб ҳам гуфтаанд; номи подшоҳест маъруф, ки ӯро арабон Манушлах гӯянд; вай дар аввал Ҷам ном дошт, яъне, султон ва подшоҳи бузург ва сабаби Ҷамшед гуфтан, он шуд, ки ӯ сайри олам мекард, чун ба Озарбойҷон расид, рӯзе буд, ки офтоб ба нуқтаи аввали Ҳамал омада буд, фармуд, ки тахти мурассаъеро дар ҷойи баланде гузоштанд ва тоҷи мурассаъе бар сар ниҳода бар он тахт нишаст, чун офтоб тулӯъ кард, шуоъ ва партави офтоб бар он тоҷу тахт афтод, шуое дар ғояти равшанӣ падид омад ва чун ба забони паҳлавӣ шуоъро шед мегӯянд, ин лафзро бар Ҷам афзуданд ва Ҷамшед гуфтанд, яъне, подшоҳи равшан ва дар он рӯз ҷашне азим карданд ва он рӯзро Наврӯз ном ниҳоданд.

Чу шуд рӯз, ояд шаби тираранг,
Чу Ҷамшед бигзашт, Заҳҳок буд.
(Саъдии Шерозӣ)


Сабо, аз ишқи ман рамзе бигӯ бо он шаҳи хубон,
Ки сад Ҷамшеду Кайхусрав ғуломи камтарин дорад.
(Ҳофизи Шерозӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Чамшед Chamshed Jamshed